ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Мизи мудаввар бахшида ба 32 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3-юми ноябри соли 2026 бо ташаббуси бахши ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Давлатов М. ва сардорони гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. оғоз гардида, зимни суханронии худ ӯ дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон» андешаронӣ намуда, аҳаммияти Конститутсияро дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон таъкид кард.
Дар идома донишҷӯёни курси якуми ихтисоси улуми исломӣ Ятимов Билол ва Ҷаборзода Абдураҳмон дар мавзуъҳои «Конститутсия – рамзи озодӣ ва адолат» ва «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд дар Конститутсия» маъруза намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, эҳтиром ба қонун ва риояи меъёрҳои Конститутсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.