ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Конфронси илмӣ - назариявӣ бахшида ба 32 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 03.11.2026 бо ташаббуси кафедари илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкада бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори шуъбаи илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ Ширинов Х.Ч. оғоз ёфта, сипас иштирокчиён доир ба аҳаммияти Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои оилавӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, Салимов А., н.и.ф, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи “Конститутсия – кафили адолат”, Ҳомидов А., омӯзгори калони кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкада дар мавзуи «Конститутсия – сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо”, Файзуллоев Ғ.Ф., мудири кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, н.и.ф. дар мавзуи “Конститутсия – қонуни асосӣ ва сарчашмаи ҳуқуқӣ дар низоми давлатдорӣ” ва Абдурашидзода А., н.и.ҳ, дотсенти кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкада дар мавзуи “Конститутсия – кафили ҳифзи оила ва арзишҳои оилавӣ” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми конфронс аҳаммияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи устувори рушди давлату ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими арзишҳои миллӣ таъкид гардид.