ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Конференсияи илмӣ - назариявии «Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд» дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

5-уми ноябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд» баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, масъулини соҳаи илму маориф, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори Донишкада, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Зимни суханронӣ мавсуф ба аҳаммияти таърихию ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминзода Некрӯз Абдуманон – сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Умар Карим – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳабибзода Зоҳир Иззат – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир ба ҷанбаҳои гуногуни аҳаммияти Конститутсия ва нақши он дар рушди давлату ҷомеа суханронӣ намуданд.
Дар идомаи конференсия Қурбонов Баҳром – мушовири ректори Донишкада, доктори илмҳои таърих, профессор, дар мавзуи «Аз таърихи пайдоиш ва ташаккули Конститутсияҳо» маърузаи илмӣ пешниҳод намуда, масъалаҳои таърихӣ ва марҳилаҳои ташаккули конститутсияҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни муҳокима ва баромадҳо иштирокчиён доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми конференсия бо мақсади қадршиносии саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳо ба як қатор иштирокчиён ва фаъолон аз ҷониби Раёсати Донишкада ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.