ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Сарлавҳа ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО ОМӮЗГОРОН ВА ХАТМКУНАНДАГОН

Санаи 12-уми ноябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит вохӯрии ректори Донишкада, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, бо иштироки омӯзгорон ва хатмкунандагони муассиса баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омодасозии мутахассисони соҳибкасб, инчунин ташкил, роҳандозӣ ва назорати раванди таҷрибаомӯзии педагогии хатмкунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам дар суханронии худ таъкид намуданд, ки хатмкунандагон бояд тибқи роҳхатҳо дар муҳлати муқарраргардида ба муассисаҳои таълимии муайяншуда ҳозир шуда, таҷрибаомӯзии педагогиро бо масъулияти баланд ва риояи талаботи муқарраргардида анҷом диҳанд. Ҳамчунин, донишҳои назариявии дар давраи таҳсил азхудкардаи худро дар фаъолияти амалӣ самаранок истифода бурда, малакаю маҳорати касбии хешро такмил диҳанд.
Ҳамзамон, ба хатмкунандагон дастур дода шуд, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, аз пайравӣ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ худдорӣ намоянд. Инчунин, зарурати масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ҳамчун омилҳои муҳими фаъолияти самараноки касбӣ таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба хатмкунандагон ҷиҳати муносибати масъулона ба фаъолияти касбӣ, риояи интизому тартибот, такмили пайвастаи дониш ва малакаи касбӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас дастуру тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.