ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Ҷаласаи калони кории Ректори Донишкада оид ба илм, таълим ва тарбия бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада

Санаи 12-уми ноябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит мулоқоти ректори Донишкада, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам бо иштироки васеи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи таълиму тарбия ва масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму илм, инчунин тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ пайваста талош намоянд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар самти пешгирии ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шаванд. Инчунин, ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки риояи тартибу интизом ва тозагии утоқҳои хобгоҳу роҳравҳоро мунтазам назорат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҷӯён ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида чорабиниҳои гуногуни тарбиявиро мунтазам баргузор намоянд.