Боиси ифтихору сарфарозист, ки Файзуллоев Ғайратулло Фатҳуллоевич, мудири кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ба унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси фалсафа мушарраф гардид. Ин дастоварди арзишманд дар фаъолияти илмӣ ва омӯзгории мавсуф саҳифаи тозае боз намуда, ҳамзамон барои ҷомеаи омӯзгорону муҳаққиқони Донишкада мояи ифтихор мебошад. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мавсуф аз аввалин муҳаққиқе мебошад, ки хатмкардаи ин муассиса буда ва аз номи ҳамин муассиса ба ин унвони илмӣ сазовор гардидааст.
Файзуллоев Ғайратулло Фатҳуллоевич соли 2010 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуда, худи ҳамон сол таҳсили худро дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯйи ихтисоси фалсафа идома додааст. Соли 2012 магистратураро хатм карда, ба зинаи аспирантураи рӯзонаи кафедраи фалсафаи ҳамин Донишгоҳ дохил шудааст. Соли 2015 аспирантураро ба анҷом расонида, таҳқиқоти илмии худро барои ҳимояи рисолаи номзадӣ идома додааст. Соли 2019 таҳти роҳбарии номзади илмҳои фалсафа, дотсент Самиев Б. рисолаи илмии худро дар шурои диссертатсионии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки он замон таҳти тобеияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия фаъолият мекард, ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мушарраф гардидааст.
Пас аз ин марҳилаи муҳимми фаъолияти илмӣ, Файзуллоев Ғайратулло дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғул шуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявии онҳо ва пешбурди корҳои таҳқиқотӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ дар ин самт бо талошҳои пайваста барои такмили дониш, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва таҳкими робитаи таълиму таҳқиқот тавъам мебошад.
Самараи фаъолияти пурсамари илмию эҷодии мавсуф дар осори таълифнамудаи ӯ низ равшан инъикос ёфтааст. То имрӯз ӯ муаллифи зиёда аз 60 маводи чопӣ мебошад, ки аз ҷумлаи онҳо 1 монографияи илмӣ, 4 дастури таълимӣ, 25 мақолаи илмии тақризшаванда ва дигар фишурдаи мақолаҳою маводи илмӣ-оммавӣ мебошанд. Ҳамзамон соли равон, шогирдаш Мустафои Абдусамад дар Олимпиадаи донишҷӯён, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, сазовори ҷойи сеюм гардид, ки ин муваффақият низ дар таърихи Донишкада рӯйдоди аввалин аст. Ҳамаи ин талошҳо ва муваффақиятҳо бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи ӯ ба масъалаҳои илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани муҳити илмию таълимӣ мебошанд.
Бо назардошти фаъолияти самараноки илмию омӯзгорӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастовардҳои назарраси касбӣ, Файзуллоев Ғайратулло ҳуҷҷатҳои заруриро ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ба унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси фалсафа мушарраф гардид. Ин дастовард натиҷаи заҳмати пайваста, масъулиятшиносӣ ва талошҳои ӯ дар роҳи такмили ихтисос ва рушди фаъолияти илмӣ мебошад.
Айни замон ӯ дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси унвонҷӯ (докторант) дар мавзуи «Падидаи таҳаммулпазирӣ дар таълимоти фалсафии мутафаккирони Шарқу Ғарб» зери мушовирии доктори илмҳои фалсафа, профессор Мирзоев Ғ.Ҷ. таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст. Ин мавзуъ бо дарназардошти аҳаммияти таҳаммулпазирӣ дар муколамаи фарҳангҳо, ҳамзистии осоиштаи ҷомеаҳо ва рушди андешаи фалсафӣ дорои арзиши муҳими назариявию амалӣ мебошад.
Мушарраф гардидани Файзуллоев Ғайратулло ба унвони илмии дотсент на танҳо дастоварди шахсии ӯ, балки рӯйдоди фараҳбахш барои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ба шумор меравад. Ин комёбӣ метавонад барои омӯзгорону муҳаққиқони ҷавони Донишкада намунаи ибрат буда, онҳоро ба омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯи илмӣ ва расидан ба қуллаҳои нави дониш ҳидоят намояд.
Устод Файзуллоев Ғайратулло Фатҳуллоевичро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ барору комёбиҳо, саломатии бардавом, нерӯи тоза, таҳқиқоти пурсамар ва дастовардҳои нави илмӣ таманно дорем.
Бигзор ин комёбӣ оғози марҳалаи нави дастовардҳои боз ҳам бузургтар дар роҳи илму маърифат, такмили дониш ва хидмат ба ҷомеа бошад