ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Баргузории конференсияи илмӣ - назариявӣ бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ

14-уми ноябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, ректори Донишкада Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар эҳёи давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ таъкид кард.
Сипас, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ ва дигар гузоришгарон доир ба нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, фарҳанги сулҳофарӣ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат шеърҳои ватандӯстона қироат карданд. Ҳамзамон, ғолибони мусобиқаҳои футболи хурд, шоҳмот ва шашка, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буданд, бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Конференсия дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ аҳаммияти муҳим дошт.