ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Семинари маърифатию тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16-уми ноябри соли 2026 бо ташаббуси Бахши ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба таълим, н.и.ф. Насриддинов Ҳ. Н., сардори шуъбаи илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ Ширинов Х. Ч., сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р. С. ва сардорони гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Зимни семинар маърузачиён доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи кишвар суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар бораи мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа андешаронӣ карда шуд.
Дар фарҷоми семинар аҳаммияти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ таъкид гардида, ҷавонон ба омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳидоят карда шуданд.