ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Семинари илмӣ - назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Санаи 18-уми ноябри соли 2026 бо ташаббуси кафедраи улуми Қуръон ва ҳадиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар декани факултети улуми исломӣ Наҷотзода Ҷ., мудири кафедраи улуми Қуръон ва ҳадис, н.и.ф. Абдусаломзода А. ва омӯзгори кафедраи мазкур Шарипов Ҳ., инчунин донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси улуми Қуръон ва ҳадис Садриддинов С. ва Собиров Ф. иштирок намуда, дар мавзуҳои «Хизматҳо ва ҷасорати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон», «16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Васфи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимни маърузаҳо ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.