ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни истиқоматдошта дар хобгоҳҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Беҳоҳӣ, санаи 25.11.2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши ҷавонон ва хобгоҳи Донишкада бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон, мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни дар хобгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит истиқоматдошта баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири кор бо муассисаҳои олии Дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Исматзода Саидшоҳ, сардори бахши ҷавонони Донишкада Раҳмонов Р.С., декани факултети филологияи Шарқ Холов А., декани факултети улуми исломӣ Наҷотзода Ҷ., инчунин мудирият ва кормандони хобгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, сардори бахши ҷавонони Донишкада Раҳмонов Р.С. баромад намуда, доир ба нақши чунин вохӯриҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули худшиносии миллии донишҷӯён андешаронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳои таълимӣ барои ояндаи худ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи интизом, муносибати эҳтиромона бо ҳамдигар, ҳифзи тартиботу тозагии хобгоҳ ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, риояи қонунгузории кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлату миллат бояд бо донишҳои муосир, маърифати баланд, зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар рушди ҷомеа саҳми арзишманд гузоранд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида барои таҳсилу омӯзиш, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мутолиаи китоб ва риояи арзишҳои милливу фарҳангӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон, донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта дар васфи Пешвои миллат, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони давлатӣ шеърҳо қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.