ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Семинари маърифатӣ - тарбиявӣ дар мавзуи «Парчами давлатӣ - рамзи соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ»

Санаи 24.11.2026 бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит семинари маърифатӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур муовини ректор оид ба таълим, н.и.ф. Насриддинов Ҳ.Н., сардори бахши кор бо ҷавонон Раҳмонов Р.С., мудири кафедраи илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ Ҷураева Н. ва сардорони гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории семинар масъалаҳои таърихи пайдоиш ва ташаккули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ, нақши Парчам дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи маънавии ҳар як сокини кишвар ба шумор меравад.
Дар фарҷоми семинар донишҷӯён дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва муҳаббату садоқати худро ба Ватани азиз ифода карданд.