Дар ҷаҳони имрӯз яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия (ришвахӯрӣ, фасод) мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.
Муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он пайваста бо рушди тамаддуни инсонӣ дар шаклҳои нав зоҳир мегардад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, новобаста аз он ки маҳкумкунии дастаҷамъонаи ин падидаи номатлуб ва андозаи бузурги зарари он дар рушди ҷомеа эътироф шудааст, ҳанӯз ҳам дар сатҳи кофӣ ба муваффақият ноил нагаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун, дигар давлатҳои мутараққии замони муосир дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорад ва онро муаммоҳои зиёде, аз ҷумлаи терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва ба инҳо монанд, ки дар байни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишғол менамояд, фаро гирифтааст.
Коррупсия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли кишварҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишофёфта ба таври хосса зоҳир мегардад.
Имрӯзҳо яке аз мушкилоти замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста бо коррупсия ва заминаҳое, ки ин амалро ба вуҷуд меорад, аҳаммияти махсус дода шуда, силсилаи қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо доир ба ин мавзуъ таҳия гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Паҳлуҳои гуногуни ин падида мавриди таҳқиқи як зумра олимон ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Новобаста ба корҳои анҷомёфта ва таҳқиқотҳои гузаронидашуда, мавзуи мазкур барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамчунон мубрам боқӣ мемонад.
Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттањид зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳаммиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза ба коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба 80-солагии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудаанд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия, дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем».
Масъалаи коррупсия тамоми равандҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байни одамон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро гирифтааст. Коррупсия ба масъалаи мураккабтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳатто, он ба пояҳо ва заминаҳои рушди давлатдорӣ таҳдид менамояд. Доираи муайяни одамон бо роҳҳо ва воситаҳои коррупсионӣ ҳалли масъалаҳоро авлотар медонанд. Хатари амалҳои коррупсиониро роҳбарияти мақомоти гуногуни давлатӣ низ амиқ дарк намудаанд. Аммо моҳият, хусусият ва роҳу воситаҳои муборизаи зидди он равшан ва саҳеҳ муайян нестанд. Аз ин хотир, омӯзиши ҳамаҷонибаи коррупсия ва масъалаҳои гуногуни он рӯзмара гашта, аҳаммияти муҳимми илмӣ ва амалию сиёсӣ доранд
Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ расонида, ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъиятӣ ба манфиати гурӯҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳқиршудаи аҳолӣ, бошиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иқтисодии аҳолӣ, қашшок гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимои дар давлат мусоидат мекунад,
Чуноне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Рањмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, моҳи декабр соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Мақсади ҳар як давлат ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.