Дар ҷаҳони муосир коррупсия ба яке аз мушкилоти мураккабтарини иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии башарият табдил ёфтааст. Гарчанде ки дар илми ҳуқуқ коррупсия ҳамчун истифодаи ғайриқонунии мансаб барои манфиати шахсӣ маънидод мешавад, аммо моҳияти аслии он танҳо дар доираи ҷиноят ва ҳуқуқ маҳдуд намегардад. Коррупсия пеш аз ҳама нишонаи сустшавии виҷдон, таназзули масъулияти ахлоқӣ ва аз даст рафтани ҳисси шарм дар вуҷуди инсон мебошад.
Файласуфи олмонӣ Иммануил Кант таъкид менамуд: «Инсон ҳамеша бояд ҳамчун ҳадаф вуҷуд дошта бошад, на ҳамчун восита» [1, с.84]. Аммо коррупсия инсонро ба воситаи манфиат табдил медиҳад. Дар чунин вазъ арзиши ахлоқӣ ҷойи худро ба манфиати моддӣ медиҳад ва виҷдон тадриҷан аз сохтори ҳастии инсон хориҷ мегардад.
Дар фарҳанги тоҷик ва исломӣ мафҳумҳои шарм, виҷдон ва адолат ҳамеша пояҳои асосии ҳастии ҷамъиятӣ ба шумор мерафтанд. Абӯалӣ ибни Сино менависад: «Асоси камолоти инсон покии нафс ва адолати ботин аст» [2, с.115]. Абӯҳомид Ғаззолӣ бошад, фасоди ботиниро хатарноктар аз фасоди зоҳирӣ арзёбӣ мекард [3, с.96].
Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, коррупсия ҳамасола ба иқтисоди ҷаҳонӣ миллиардҳо доллар зарар расонида, ба рушди иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва адолати ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад [17, с.27]. Тибқи гузоришҳои ташкилоти байналмилалии Transparency International, сатҳи баланди коррупсия пеш аз ҳама дар ҷомеаҳое мушоҳида мешавад, ки дар онҳо буҳрони ахлоқӣ, коҳиши эътимоди иҷтимоӣ ва сустшавии масъулияти шаҳрвандӣ ба назар мерасад [16, с.14]. Ин омил нишон медиҳад, ки коррупсия танҳо масъалаи иқтисодӣ ё идоракунӣ нест, балки падидаи амиқи маънавӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Аз ин рӯ, таҳқиқи коррупсия танҳо дар доираи ҳуқуқ ва сиёсат нокифоя мебошад. Зарур аст, ки он ҳамчун падидаи маънавӣ, фалсафӣ ва виҷдонӣ таҳлил гардад.
Объекти таҳқиқот падидаи коррупсия ҳамчун мушкили иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосир мебошад.
Предмети таҳқиқот масъалаи шарм, виҷдон ва масъулияти ахлоқӣ дар муқобили коррупсия аз диди фалсафӣ ва герменевтикӣ ба ҳисоб меравад.
Аҳаммияти назариявии таҳқиқ дар таҳияи таҳлили нави фалсафии коррупсия ҳамчун падидаи маънавӣ-фалсафӣ ва ахлоқӣ ифода меёбад. Аҳаммияти амалии таҳқиқ бошад, дар имконияти истифодаи натиҷаҳои он дар соҳаҳои маърифатӣ, тарбияи ахлоқӣ, сиёсати зиддикоррупсионӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳрвандӣ зоҳир мегардад.
Дараҷаи омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки масъалаи коррупсия бештар аз диди ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва сотсиологӣ таҳқиқ гардидааст. Дар осори муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Роуз-Акерман, Ҳантингтон, Ҷонстон, Най ва Ротштейн масъалаҳои сохтори сиёсӣ, идоракунии давлатӣ, омилҳои иҷтимоӣ ва таъсири иқтисодии коррупсия баррасӣ шудаанд.
Дар таҳқиқоти байналмилалӣ бештар ба масъалаҳои самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ, шаффофияти идоракунӣ, институтҳои демократӣ ва назорати ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Ҳамзамон дар фалсафаи муосир баъзе ҷанбаҳои коррупсия дар доираи ахлоқи сиёсӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва бегонашавии инсон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Осори Маркс, Ҳайдеггер, Ҳабермас, Рикёр ва Фромм барои дарки моҳияти маънавӣ ва иҷтимоии фасод аҳаммияти назариявӣ доранд. Бо вуҷуди ин, таҳлили коррупсия ҳамчун сустшавии виҷдони иҷтимоӣ, таназзули фарҳанги шарм ва падидаи онтологию ахлоқӣ ҳанӯз ба таври мукаммал ва системавӣ мавриди омӯзиши фалсафӣ қарор нагирифтааст.
Навоварии мақолаи мазкур дар он ифода меёбад, ки коррупсия на танҳо ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ё сиёсӣ, балки ҳамчун шакли бегонашавии маънавии инсон, мушкили ахлоқӣ ва таназзули виҷдони иҷтимоӣ аз диди герменевтика ва равиши онтологӣ таҳлил гардидааст. Ҳамчунин дар мақола кӯшиши таҳлили масъалаи фарҳанги шарм ва масъулияти ахлоқӣ ҳамчун омилҳои муҳими муқовимат ба коррупсия дар заминаи муқоисаи фарҳангҳои Шарқ ва Ғарб анҷом дода шудааст.
Дар таҳқиқи мазкур аз усулҳои герменевтикӣ, онтологӣ, аксиологӣ ва таҳлили муқоисавӣ истифода гардидааст. Методологияи герменевтикӣ барои тафсири маънои виҷдон, шарм ва масъулияти ахлоқӣ дар тамаддунҳои гуногун мусоидат менамояд. Усули онтологӣ моҳияти ҳастишиносии коррупсияро ҳамчун падидаи вайронкунандаи сохтори маънавии инсон муайян мекунад.
Ҳамзамон дар таҳқиқ принсипҳои таърихият, объективият, системанокӣ ва герменевтикаи ахлоқӣ истифода гардидаанд. Принсипи таърихият имконият медиҳад, ки падидаи коррупсия дар робита бо шароити таърихӣ ва таҳаввули фарҳангии ҷомеа таҳлил карда шавад. Принсипи объективият ба арзёбии беғаразонаи омилҳои иҷтимоӣ ва маънавии коррупсия мусоидат менамояд. Принсипи системанокӣ коррупсияро ҳамчун низоми мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Герменевтикаи ахлоқӣ бошад, барои тафсири маъноии виҷдон, шарм ва масъулияти инсон дар заминаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ истифода шудааст.
Таҳқиқ бар асоси осори мутафаккирони Шарқ ва Ғарб, аз ҷумла Афлотун, Арасту, Кант, Ҳайдеггер, Ибни Сино, Ғаззолӣ, Ҳабермас, Рикёр ва Макс Вебер анҷом дода шудааст. Базаи сарчашмаҳоро осори классикии фалсафаи ахлоқ, таҳқиқоти иҷтимоӣ-фалсафӣ, гузоришҳои байналмилалии СММ ва Transparency International, инчунин мақолаҳои индексатсияшудаи Scopus ва Web of Science ташкил медиҳанд. Дар таҳлил бештар масъалаҳои виҷдон, фарҳанги шарм, масъулияти иҷтимоӣ ва ахлоқи давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Барои дарки амиқи моҳияти коррупсия ҳамчун буҳрони виҷдон зарур аст, ки он на танҳо дар сатҳи назариявӣ, балки дар заминаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва таърихӣ низ таҳлил гардад. Таърихи ҷомеаҳои гуногун нишон медиҳад, ки густариши фасод ҳамеша бо заифшавии эътимоди ҷамъиятӣ, буҳрони ахлоқӣ ва таназзули масъулияти иҷтимоӣ ҳамроҳ будааст.
Масалан, дар охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз омилҳои муҳими буҳрони давлатдорӣ густариши фасод ва коҳиши эътимоди мардум ба адолати иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Бюрократизм, ришвахорӣ ва истифодаи мансаб барои манфиатҳои шахсӣ тадриҷан боиси заифшавии пояҳои маънавии ҷомеа гардиданд. Дар чунин шароит шаҳрвандон қонунро на ҳамчун меъёри адолат, балки ҳамчун воситаи манфиат дарк мекарданд.
Ҳамчунин таҷрибаи баъзе давлатҳои муосир нишон медиҳад, ки сатҳи баланди коррупсия метавонад боиси муҳоҷирати неруҳои зеҳнӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва буҳрони эътимод ба институтҳои давлатӣ гардад. Дар кишварҳое, ки фасод ба як одати маъмурӣ табдил ёфтааст, шаҳрвандон тадриҷан ҳисси масъулияти ҷамъиятиро аз даст медиҳанд ва виҷдони иҷтимоӣ заиф мегардад.
Аз назарияи фалсафӣ чунин ҳолат нишонаи он аст, ки инсон аз маънои ахлоқии ҳастии худ дур мешавад ва манфиатро болотар аз адолат қарор медиҳад. Маҳз дар чунин шароит коррупсия аз сатҳи амали ҷудогона ба сатҳи мушкили фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа мегузарад.
Виҷдон яке аз муҳимтарин падидаҳои маънавии инсон ба ҳисоб меравад. Он механизми дарунии назорати ахлоқӣ буда, рафтори инсонро танзим менамояд. Агар қонун назорати берунӣ бошад, виҷдон назорати ботинист.
Маҳз сустшавии виҷдон инсонро ба фасод наздик месозад. Шахсе, ки ҳисси масъулияти ахлоқиро аз даст медиҳад, тадриҷан ба ҳолате мерасад, ки дигар амалҳои коррупсиониро ҳамчун гуноҳ эҳсос намекунад. Дар чунин вазъ коррупсия ба як одати иҷтимоӣ мубаддал мегардад. Таърихи ҷомеаҳои гуногун нишон медиҳад, ки вақте фасод ба меъёри иҷтимоӣ табдил меёбад, эътимоди мардум ба давлат ва адолат тадриҷан аз байн меравад. Таҷрибаи баъзе давлатҳои пасошӯравӣ ва ҷомеаҳои буҳронзада нишон дод, ки густариши коррупсия боиси заифшавии институтҳои давлатӣ, муҳоҷирати фикрӣ ва коҳиши масъулияти шаҳрвандӣ мегардад.
Дар фалсафаи Карл Маркс коррупсияро метавон ҳамчун шакли бегонашавии инсон аз моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқии худ шарҳ дод. Маркс таъкид менамуд, ки дар ҷомеаи манфиатмеҳвар инсон тадриҷан аз меҳнат, ҷомеа, арзишҳо ва ҳатто аз худ бегона мегардад [15, с.93]. Дар чунин шароит инсон дигар виҷдонро ҳамчун арзиши ботинӣ эҳсос накарда, манфиати моддиро ба меъёри асосии ҳастии худ табдил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар коррупсия на танҳо вайроншавии қонун, балки шакли бегонашавии маънавии инсон мебошад.
Фалсафаи экзистенсиалӣ коррупсияро ҳамчун дуршавии инсон аз ҳастии асил маънидод менамояд. Мартин Ҳайдеггер менависад: «Инсон танҳо дар ҳолати масъулият ба ҳақиқати ҳастӣ мерасад» [4, с.211]. Вақте инсон аз ҳақиқат, масъулият ва виҷдон дур мешавад, ӯ ба зиндагии ғайриасилӣ гирифтор мегардад. Коррупсия дар чунин ҳолат шакли гурез аз ҳақиқати ҳастӣ ва масъулияти ахлоқӣ мебошад.
Жан-Пол Сартр таъкид менамуд, ки инсон ҳамеша барои интихоби худ масъул аст [14, с.118]. Аммо шахси фасодкор кӯшиш менамояд, ки масъулияти озодии худро пинҳон кунад ва гуноҳи худро ба шароити иҷтимоӣ ё сохторӣ нисбат диҳад. Ин ҳолат нишонаи буҳрони озодӣ ва суқути виҷдон мебошад.
Фёдор Достоевский навишта буд: «Агар виҷдон аз инсон хориҷ шавад, қонун дигар қодир ба наҷоти ҷомеа нахоҳад буд» [5, с.307]. Ин андеша моҳияти аслии буҳрони коррупсиониро инъикос менамояд.
Дар инсоншиносии муосир муҳаққиқон фарҳангҳоро вобаста ба шакли назорати ахлоқӣ ба ду навъ «culture of shame» ва «culture of guilt» ҷудо менамоянд. Ин назария барои дарки фарҳангии коррупсия аҳаммияти муҳим дорад. Дар ҷомеаҳои шарқӣ бештар фарҳанги шарм ҳукмфармо мебошад, ки дар он обрӯ, номус ва арзёбии иҷтимоӣ нақши асосӣ доранд. Дар ҷомеаҳои ғарбӣ бошад, масъулияти инфиродӣ ва эҳсоси гуноҳ ҷойгоҳи марказӣ доранд. Заифшавии ҳар ду механизми ахлоқӣ метавонад ба густариши коррупсия мусоидат намояд.
Шарм яке аз қадимтарин механизмҳои танзими ахлоқии ҷомеа мебошад. Дар фарҳанги Шарқ, бахусус дар тамаддуни исломӣ, шарм ҳамчун нишонаи камолоти ботинӣ, виҷдон ва покии маънавии инсон баррасӣ мегардид. Дар чунин ҷаҳонбинӣ шарм на танҳо эҳсоси равонӣ, балки меъёри ҳастии ахлоқӣ ба шумор мерафт. Инсоне, ки шарм дорад, худро дар назди ҷомеа, виҷдон ва Худо масъул эҳсос менамояд.
Абӯҳомид Ғаззолӣ таъкид менамуд: «Шарм нуре аст, ки инсонро аз зиштӣ нигоҳ медорад» [3, с.203]. Дар фарҳанги тоҷикӣ низ мафҳуми шарм бо номус, виҷдон ва инсонгароӣ пайвасти амиқ дошт.
Дар фарҳанги Ғарб бошад, мафҳуми шарм бештар ҳамчун масъалаи ахлоқи инфиродӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таҳлил мегардад. Арасту шармро фазилати ахлоқӣ медонист, ки инсонро аз амалҳои паст нигоҳ медорад [6, с.54]. Иммануил Кант бошад, масъулияти ахлоқиро бо қонуни ботинии виҷдон пайваст менамуд [1, с.91]. Дар фалсафаи муосири Ғарб шарм ҳамчун механизми худназоратии иҷтимоӣ ва муҳофизи шаъну шарафи инсон баррасӣ мешавад.
Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки дар фарҳанги Шарқ шарм бештар хусусияти маънавӣ ва муқаддас дошта, бо виҷдон ва имон пайваст мебошад, дар ҳоле ки дар фарҳанги Ғарб он бештар бо масъулияти шаҳрвандӣ, озодии шахс ва худназоратии иҷтимоӣ алоқаманд аст.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд хусусиятҳои фарҳангӣ ва ахлоқии ҳар ҷомеаро ба инобат гирад.
Фарҳанги Шарқ Фарҳанги Ғарб
Маданияти шарму ҳаё Маданияти эҳсоси гуноҳ
Номус ва обрӯ Масъулияти инфиродӣ
Назорати иҷтимоӣ Виҷдони шахсӣ
Ҳаё ва шарм Эҳсоси гуноҳ
Арзёбии ҷомеа Худназоратии фард
Бо вуҷуди ин, ҳар ду тамаддун шармро омили муҳими нигоҳдории ахлоқ ва суботи ҷомеа медонанд.
Дар ҷомеаи муосир яке аз хатарҳои асосӣ аз байн рафтани фарҳанги шарм мебошад. Вақте ки инсон дигар аз амали худ шарм намедорад, фасод ба ҳолати муқаррарӣ табдил меёбад. Имрӯз яке аз сабабҳои асосии густариши коррупсия маҳз коҳиши фарҳанги шарм мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто шахсони фасодкор амалҳои худро ҳамчун «муваффақият» муаррифӣ менамоянд. Ин ҳолат нишонаи буҳрони амиқи маънавии ҷомеа мебошад.
Масъулияти ахлоқӣ яке аз пояҳои асосии суботи ҷомеа ва давлатдорӣ мебошад. Ҷомеае, ки дар он инсон масъулияти маънавии худро эҳсос намекунад, тадриҷан ба буҳрони иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ гирифтор мегардад. Аз ин нуқтаи назар масъулияти иҷтимоӣ танҳо масъалаи ахлоқи шахсӣ нест, балки шарти асосии устувории давлат ва эътимоди ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Юрген Ҳабермас таъкид менамояд: «Муколама заминаи асосии эътимоди ҷамъиятӣ мебошад» [11, с.94-96]. Ҷомеаи демократӣ танҳо дар шароити муколамаи ахлоқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонад устувор боқӣ монад. Ба андешаи ӯ вақте манфиати шахсӣ ҷойи манфиати умумиро мегирад, низоми иртиботии ҷомеа вайрон мешавад ва фазои беэътимодӣ ба вуҷуд меояд. Коррупсия маҳз чунин ҳолати шикасти иртиботи ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Пол Рикёр масъулиятро ҳамчун қобилияти инсон барои ҷавоб додан дар назди виҷдон, ҷомеа ва таърих маънидод менамояд [12, с.173-175]. Аз ин нуқтаи назар шахси фасодкор на танҳо дар назди қонун, балки дар назди маънои инсоният ва тақдири ҷомеа масъул мебошад. Коррупсия дар чунин шароит шакли таназзули худшиносии ахлоқӣ ва коҳиши масъулияти таърихӣ мебошад.
Макс Вебер бошад, давлатро сохторе медонист, ки бояд бар асоси қонунмандӣ, масъулияти сиёсӣ ва ахлоқи хизмат ба ҷомеа амал намояд [13, с.58-61]. Вақте хизматчии давлатӣ мансабро ба воситаи манфиати шахсӣ табдил медиҳад, моҳияти ахлоқии давлатдорӣ заиф мегардад. Аз ин рӯ, коррупсия на танҳо ҷинояти иқтисодӣ, балки буҳрони маънавии институтҳои давлатӣ мебошад.
Эрих Фромм таъкид менамояд, ки ҷомеаи истеъмолӣ инсонро аз масъулияти маънавӣ дур месозад ва манфиатро ба арзиши асосӣ табдил медиҳад [7, с.142]. Маҳз ҳамин раванд ба густариши коррупсия мусоидат мекунад.
Аз ҳамин нуқтаи назар мубориза бо коррупсия танҳо бо ҷазо имконнопазир аст. Зарур аст, ки фарҳанги ахлоқӣ, ҳисси виҷдон, масъулияти иҷтимоӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ тарбия карда шавад.
Натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки коррупсияро наметавон танҳо ҳамчун масъалаи ҳуқуқӣ ё маъмурӣ шарҳ дод. Таҳлилҳои иҷтимоӣ ва фалсафӣ собит менамоянд, ки фасод бештар ба заифшавии меъёрҳои ахлоқӣ ва коҳиши эътимоди ҷамъиятӣ алоқаманд мебошад. Дар муқоиса бо таҳқиқоти ҳуқуқмеҳвар, равиши герменевтикӣ ва онтологӣ имконият медиҳад, ки моҳияти маънавии коррупсия амиқтар дарк карда шавад. Баъзе муҳаққиқон коррупсияро асосан натиҷаи сустии институтҳои давлатӣ ва мушкилоти идоракунӣ медонанд. Аммо равиши фалсафии мазкур нишон медиҳад, ки ҳатто институтҳои қавӣ низ бидуни фарҳанги виҷдон ва масъулияти ахлоқӣ наметавонанд устувории дарозмуддат дошта бошанд.
Бо вуҷуди ин, таҳқиқ бештар хусусияти назариявӣ дорад ва таҳлили эмпирикӣ маҳдуд мебошад. Дар таҳқиқоти минбаъда зарур аст, ки таҷрибаи иҷтимоӣ, оморҳои муқоисавӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода шаванд. Ҳамчунин масъалаҳои ethics of public administration (ахлоқи идоракунии давлатӣ), civic morality (ахлоқи шаҳрвандӣ) ва institutional trust (эътимод ба институтҳои давлатӣ) метавонанд ҳамчун самтҳои муҳими таҳқиқоти фалсафӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гарданд. Ин равиш имконият медиҳад, ки робитаи миёни ахлоқи ҷамъиятӣ, фаъолияти институтҳои давлатӣ ва сатҳи муқовимат ба коррупсия амиқтар таҳлил карда шавад.
Ҳамин тавр, таҳқиқи фалсафӣ масъалаи коррупсия нишон медиҳад, ки ин падида танҳо масъалаи ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ набуда, пеш аз ҳама мушкили ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Аз байн рафтани шарм, сустшавии виҷдон ва таназзули масъулияти ахлоқӣ муҳити мусоидро барои густариши фасод фароҳам меорад.
Натиҷаҳои асосии таҳқиқро метавон чунин ҷамъбаст намуд:
Муайян гардид, ки коррупсия на танҳо вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки шакли таназзули маънавӣ ва бегонашавии инсон аз моҳияти ахлоқии худ мебошад.
Таҳлил нишон дод, ки виҷдон ҳамчун механизми ботинии назорати ахлоқӣ нақши асосӣ дар пешгирии фасод дорад ва сустшавии он заминаи рушди коррупсияро фароҳам месозад.
Таҳлили муқоисавӣ нишон дод, ки дар фарҳанги Шарқ мафҳуми шарм бештар хусусияти маънавӣ ва муқаддас дошта, дар фарҳанги Ғарб он бештар бо масъулияти шаҳрвандӣ ва худназоратии иҷтимоӣ пайваст мебошад.
Дар асоси андешаҳои Маркс, Ҳайдеггер ва Сартр муайян гардид, ки коррупсия шакли бегонашавии инсон аз ҳақиқат, масъулият ва озодии маънавӣ мебошад.
Таҳлил нишон дод, ки мубориза бо коррупсия танҳо тавассути ҷазо ва қонунгузорӣ самаранок нест, балки зарур аст фарҳанги виҷдон, масъулияти иҷтимоӣ ва ахлоқи давлатдорӣ тақвият дода шавад.
Муайян карда шуд, ки давлатдорӣ бидуни масъулияти ахлоқӣ ва эътимоди ҷамъиятӣ наметавонад устувор боқӣ монад ва коррупсия пеш аз ҳама пояҳои маънавии давлатро заиф мегардонад.
Дар шароити муосир мубориза бо коррупсия бояд ҳамзамон сатҳҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиро фаро гирад. Таҳкими виҷдон, масъулияти иҷтимоӣ ва фарҳанги ахлоқӣ метавонад заминаи муҳими коҳиши фасод ва устувории ҷомеаро таъмин намояд.
Дурнамои таҳқиқоти минбаъда метавонад ба омӯзиши муқоисавии фарҳангҳои зиддикоррупсионӣ, нақши тарбияи ахлоқӣ дар коҳиши фасод ва таъсири муҳити рақамӣ ба тағйирёбии виҷдони иҷтимоӣ равона гардад.
Ҳамчунин таҳқиқоти минбаъда метавонанд масъалаи таъсири зеҳни сунъӣ ва тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоиро ба фарҳанги виҷдон ва масъулияти ахлоқӣ дар ҷомеаи муосир мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд. Аз диди илмии муқоисавӣ омӯзиши моделҳои муваффақи ахлоқмеҳвари мубориза бо коррупсия дар кишварҳои гуногун низ метавонад барои ташаккули стратегияҳои нави зиддикоррупсионӣ аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дошта бошад.
Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам – ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа