ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Шанбигии навбатии дастаҷамъона дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз 23. 05. 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони Донишкада фаъолона иштирок намуда, дохили қубурҳои обгузар ва гирду атрофи муассисаро тозаву озода намуданд.