Дар кори семинар муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., декани факултети филологияи Шарқ, номзади илмҳои филология Холов А. ва сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо мавзуъҳои “Саҳми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди коррупсия”, “Коррупсия ҳамчун монеаи рушди маънавии ҷавонон” ва “Коррупсия: сабабҳо, оқибат ва роҳҳои мубориза бо он” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватан ва ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи муқаддасоти давлатӣ аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи солим ва пешгирии амалҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.
Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар миёни ҷавонон метавонад дар мубориза бар зидди коррупсия ва таҳкими суботи ҷомеа нақши муассир гузорад.
Дар охири чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол аз тарафи Раёсати Донишкада сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Суроға: 734000, ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, к.Н.Ганҷавӣ Вебсомона:https://dit.tj Email: islamtаj@mail.ru, mamur@dit.tj Телефон: 224-22-36 Факс: 221-88-98