ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

April 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Хиради модар / Аминов Маҳмадамин – мудири кафедраи забон ва адабиёти араби Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Вожаи “хирад” яке аз вожаҳои пурмазмун ва сертаърифшудаи илмҳои гуманитарӣ буда, натанҳо аз диди забоншиносӣ, балки аз диди фалсафаю равоншиносӣ низ тавзеҳоти зиёд шудааст. Дар “Фарҳанги тоҷикӣ” [4, 360] ва “Фарҳанги Муин” [1, 620] хирад ба маъноҳои “ақл, ҳуш, зеҳн; идрок, дарёфт” омададааст. Вожаи хирад дар осори бузургони форсу тоҷик басо истифода шуда, онро ҳамчун меҳвари фаросату дониш ва ақлу фазли инсонӣ сутудаанд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ шоҳасари худро «Ба номи Худованди ҷону хирад» оғоз мекунад ва ин амал худ далолат ба мақоми баланди хирад ва маърифату огоҳӣ дар «Шоҳнома» дорад. [5] Абушакури Балхӣ хирадро чунин меситояд:
Хирад беҳтар аз фазлу доноӣ аст
На доноӣ, афзун зи биноӣ аст.
Хирад бод ҳамвора солори ту
Мабод дар ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту.
Устод Назри Яздон ин абёти Абушакурро чунин тавзеҳ додааст: “Бояд дақиқии назари Абӯшакурро қайд кунем, яъне сареҳан таъкид мекунад, ки хирад, доноӣ, маълумот нест. Агар биноӣ барои инсон зарур аст, Абушакур мегӯяд, ки хирад аз биноӣ заруртар аст. Агар боз ҳам соддатар гӯям, хирад як қудрати фитрӣ, табиии инсон аст, ки бешубҳа агар он парвариш ёбад, комил мешавад, барои инсон аз доноӣ ва биноӣ беҳтар хизмат мекунад”. [2] Пас, аён гардид, ки хирад инсонро аз дигар мавҷудот бартар ва миёни инсонҳо якеро аз дигаре болотар мегузорад. Агар ин хирадро зан–модар доро бошад, яқин аст, ки шаъну шараф, обурӯ ва мақому манзалати ӯ дар ҷомеа боло шуда, саҳми ӯ дар ҳаллу фасли мушкилот ва пешрафту суботи ҷомеа ва тарбияи насли оянда хеле арзанда мегардад.
Хиради модар ва нақши он дар ташаккули фарзандон як масъалаи муҳим ва амиқ аст. Модар, ки нахустин ва муҳимтарин шахсияте мебошад, ки кӯдак дар ҳаёти худ бо ӯ шиносо мешавад, метавонад ба таҳияи ҷисмонӣ, руҳонӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнияти фарзанд таъсири бузург гузорад.
Хиради модар – ин маҷмуи таҷрибаи ҳаётӣ, заковати фитрӣ ва муҳаббати бепоёнест, ки дар тӯли асрҳо ҳамчун меҳвари асосии бақои башарият хизмат карда, то ирмрӯз хизмат мекунад. Бархӯрди илмӣ ба ин мавзуъ нишон медиҳад, ки хиради модар, на танҳо дар тарбияи фарзанд, балки дар ташаккули низоми арзишҳои ҷомеа нақши калидӣ дорад. Сарчашмаи хиради модар, ин дониши китобӣ нест, балки мактаби зиндагист, ки дар он дарсҳои садоқат, покӣ ва одамгарӣ омӯхта мешаванд. Модари хирадманд метавонад наслеро тарбия кунад, ки на танҳо барои оила, балки барои тамоми миллат манфиатбахш бошад. Масъулияти асосии тарбияи фарзанд ба дӯши модар аст. Модари бомаърифат ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад, ки пайвандонаш нобакору нохалафу каҷрав бошанд. Зеро дар тарбияи шахсияти ҳар инсон модар то охирин нафас дар вуҷудаш боқӣ мемонад. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд. Модарон ба воситаи муҳаббат, нигоҳубин, ва роҳнамоии хирадмандона фарзандонашонро ба зиндагии беҳтар ва рафтори солим раҳнамун мекунанд.
Модари бохирад ҳидоят, меҳнату машаққати омӯзишро ба фарзандаш, на як навъи ҷазо, балки зарурат дар тарбияи маънавии онҳо мешуморад. Модар бо хиради худ метавонад ҳамчун асоси рушди шахсият ва қобилиятҳои ақлони кӯдакон бошад. Тавассути муҳаббат, роҳнамоӣ ва омодагӣ дар соҳаи тарбия, модар нақши ҳалкунанда дар тавсиаи ояндаи фарзандонаш мебозад. Аз ин рӯ, хиради модар, ки дар таъсири. Дар ин навишта муносиб медонам, ки ба ин чанд нуктаи зер таваҷҷуҳ дошта бошем:
1. Хиради иҷтимоии модар. Хиради иҷтимоӣ қобилияти модар дар танзими муносибатҳои фарзанд бо ҷомеа ва омӯзонидани адаби муошират мебошад. Модар нахустин шахсест, ки кӯдакро бо ҷомеа шинос мекунад. Хиради иҷтимоии ӯ дар он зоҳир мешавад, ки фарзандро на танҳо барои худ, балки ҳамчун як узви муфиди ҷомеа тарбия намояд. Дар ин ҷо сухани Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олиро метавон ба ёд овард, ки гуфтаанд: “Зан–Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад”. [6] Модар ба фарзанд меомӯзад, ки чӣ тавр дар ҳолатҳои мушкил бо дигарон забон ёбад, гузашт кунад ё аз ҳаққи худ дифоъ намояд. Тавассути намунаи ибрати худ, модар ҳисси эҳтиром ба калонсолон, кумак ба ниёзмандон ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар ниҳоди фарзанд бедор мекунад.
2. Хиради фарҳангии модар. Ин ҷанба ба интиқоли “генетикаи маънавӣ” ва ҳувияти миллӣ иртибот дорад. Модар ҳофизи зиндаи фарҳанг аст. Хиради фарҳангӣ аз ситоиши алла, қиссаҳо ва афсонаҳо оғоз мешавад. Маҳз модар ганҷинаи луғавии фарзанд ва лаҳни зебои суханронии ӯро шакл медиҳад. Модар интиқолдиҳандаи анъанаҳои миллӣ (меҳмоннавозӣ, тантанаи Наврӯз, либоси миллӣ, таомҳои суннатӣ) мебошад. Вай ба фарзанд мефаҳмонад, ки ин рамзҳо на танҳо зоҳирӣ, балки дорои фалсафаи амиқанд. Дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баёни назар карданд: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. [3, 39] Дар шароити ҷаҳонишавӣ, хиради фарҳангии модар монеъ мешавад, ки фарзанд бегонапараст шавад ва решаҳои таърихии худро фаромӯш кунад. Эҳёи анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумиро шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ чӣ зебо баён кардааст:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,
Э Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.
Мусаллам аст, ки нақши зан-модар дар зинданигаҳдории фарҳанг, урфу одати ҳамида ва анъанаҳои хуби милливу динии мо тоҷикон ба ғоят бузург аст, аз ин рӯ, месазад, ки онҳо дар ин майдон маҳз бо хираду заковат ва донишу маҳорати худ пештоз буда, нагузоранд, то бегонагон бо ҳар роҳу восита арзишҳои бегона ба фарҳанг ва дину оини моро вориди муҳити фарҳангӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мо гардонанд.
3. Хиради динии модар. Хиради динии модар, на танҳо дар иҷрои маросимҳо, балки дар талқини низоми арзишҳои ахлоқӣ ва имонӣ зоҳир мегардад. Модар мафҳумҳои “дуруст”-у “нодуруст” ва “савоб”-у “гуноҳ”-ро ба фарзанд меомӯзад. Модар бо рафтори худ дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт дарси таваккул ва сабр медиҳад, ки ин пояи асосии устувории равонии инсон дар оянда мебошад. Лоиқ Шералӣ дар байте аз хиради динии модар чунин тасвиреро ба назм овардааст, ки то ба имрӯз ин анъана миёни мардуми тоҷик дида мешавад:
Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак…
Дар дини мо, эҳтироми модар дар ҷои аввал меистад (“Биҳишт зери қудуми модарон аст”). Хиради динии модар дар он аст, ки муҳаббати Худовандро тавассути муҳаббати худ ба фарзанд нишон медиҳад ва ӯро ба роҳи рост, дур аз ифротгароӣ ва хушунат ҳидоят мекунад. Ҳамин аст, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат бо камоли боварӣ гуфт: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо (занҳо) дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”. [3, 39] Аз ин гуфтаҳо маълум мегардид, ки ҳар зан ва модаре, ки аз донишҳои дунявӣ ва динӣ бохабар аст тавоноии бештаре дар ривоҷу равнақи ҳама соҳаҳои муҳимми ҷамъиятӣ дошта метавонад.
Аз ин ҳама таҳлилҳо хулоса кардан мумкин аст, ки хирад ҳамчун сармояи арзишманде ба инсон инъом шудааст ва зан-модар, ки олиҳаи меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, оромиши ҷисму ҷон ва ёвару мушовир тасвир шудааст, ҳамоно бо хираду заковат ва ақлу ҳуши худ ба зиндагии мо сафо меоварад.
Пайнавиштҳо:
1. Муҳаммад Муин. Фарҳанги Муин. Ҷ.1.-Теҳрон, 1381 қ.
2. Назри Яздон. Сайре дар шеъри аҳди рудакӣ. //Сомонаи расмии АМТ. https://www.amit.tj/index.php/tj/sayre-dar-sheri-akhdi-rudak. (манбаи эл. муроҷиат 505.03.2026)
3. Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 16 декабри соли 2025. Душанбе: “Шарқи озод”, 2025.-48с.
4. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ.ҷ.2-Душанбе, 2008 с.-280 с.
5. Ш.Р. Исрофилниё. Мақоми хирад ва огоҳӣ дар «Дебоча»-и «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ.// https://www.tgpu.tj/index. (манбаи эл. муроҷиат 05.03.2026).
Аминов Маҳмадамин – мудири кафедраи забон ва адабиёти араби Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит